ЛЕВАКАНТ: ЧОЙХОНА БАРОИ СОЛМАНДОН

.

Бо ташаббус ва дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар як гӯшаи Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барои собиқадорон чойхона ифтитоҳ гардид ва дар маросими ифтитоҳи чойхона барои собиқадорон дастархони идона ороста шуд.

 

Дар ин маросим муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, собиқадори меҳнат, адиби шинохтаи вилояти Хатлон-Амиршоҳи Хатлонӣ, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Шоҳиён Саъдулло тамоми собиқадоронро аз номи худ ва раиси шаҳр, бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии Чойхонаи собиқадорон табрик намуда, барояшон саломатӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ орзу намуд.

Амиршоҳи Хатлонӣ-адиби вилоят, аз номи тамоми собиқадорон ба шаҳрдорӣ барои чунин иқдоми наҷиб сипосгузорӣ намуда, барои сулҳу суботи Ватан бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ва таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашори худ пораҳои шеърӣ қироат намуд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», Ҷанговарони башардӯст аз ин иқдоми шаҳрдорӣ ниҳоят шод гашта, минатдории хешро аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба собиқадорону барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба шаҳрдорӣ расониданд.

Бояд гуфт, ки то ин замон махсус барои собиқадорон дар шаҳр чойхонае набуду онҳо чойхона ё гушаи махсусеро мехостанд, ки гоҳу ногоҳ дар онҷо ҷамъ оянду аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар бошанд. Ин орзуи эшон ҷомаи амал пӯшиду Чойхонаи собиқадорон дари худро барояшон боз кард.

Акнун минбаъ собиқадорону солмандон метавонанд, ки аз ин чойхонаи худ истифода бурда, дар вақтҳои дилхоҳ бо дӯстонашон сари як пиёла чой аз саргузашту хотироташон суҳбатҳо намоянд.