ПАЁМИ ШОДБОШИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

.

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ботантана ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ, собиқадорон, ҷанговарони башардӯст ва сарбозони шуҷои Ватанро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям!

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар муддати хеле кутоҳи таърихӣ рушду инкишоф карда, ба ҳомии мустаҳаками марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар ин давраи кутоҳи таърихӣ сарбозони Ватан дар роҳи бунёди давлати ҷавон, муътадилгардонии вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизмати беназир намуданд.

Аз ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокории хизматчиёни ҳарбие, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлоли ватани хеш зоҳир намудаанд, мо ҳамеша сипосгузорем.

Хотираи неки онҳое, ки ба қасами ҳарбӣ содиқ монда, дар ин роҳ қурбон шудаанд, дар дилу дидаи мардум то абад зинда хоҳад монд.

Ҳамватанони азиз!

Таърихан халқи тоҷик на ҷангҷӯ, балки ватандӯсту ватанпараст мебошанд.

 

Ногуфта намонад, ки падарони мо дар шароити бениҳоят вазнин ба Ватан хизмат намудаанд, ки ҳамаи Шумо хуб медонед. Ба ёд оред иштирокиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо аз шаҳри Левакант, Холбобоев Муҳаммадӣ, Шарипов Рамазон, Одинаев Исмонқул ва дигаронро, ки то охири умр ба халқу Ватан софдилона хизмат намудаанд.

Вобаста ба ин мо на танҳо аз корнамоиҳои гузаштагон ва матонату ҷасорати падару бобоёнамон ифтихор дошта бошем, балки аз онҳо сабақ гирем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки хавфи терроризм, экстремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткориҳои муташаккилона афзоиш меёбанд, мо набояд нисбат ба амнияти давлату миллат ва Ватани худ хотирҷамъ бошем.

Имрӯз Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоламон барои ҳар як фарди Тоҷикистон азиз ва муқаддас мебошад.

Иҷрои бечунучарои оинномаҳои ҳарбӣ, риояи қатъии қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ бояд меъёри зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад.

Барои обод кардани сарзамини аҷдодӣ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Тоҷикистони азизамон ба мо зарур аст, ки мунтазам софдилона заҳмат кашем ва барои расидан ба ин ниятҳои нек оромии сиёсиву иҷтимоиро ҳамчун як неъмати бебаҳо ҳифз намоем.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангию омодагии ҳарбӣ, рӯз то рӯз ба беҳтар намудани шароити хизмати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол аз шаҳри Левакант зиёда аз 100 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ бо сарбаландӣ баромада, обрӯйи падару модарон ва шаҳри Левакантро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд мебардоранд.

Бояд қайд кард, ки волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.

Мехоҳам алалхусус ба ҷавонписарон муроҷиат намоям, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан» ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Ман итминони комил дорам, ки ҷавонписарони бонангу номуси мо дар оянда хизмати Ватан-Модарро бо шарафи бузург ба ҷо меоранд.

Ҳамаи Шумо хуб медонед, ки дар воқеъаҳои ноҳияи Рашт ҳангоми адои вазифаи хизмати ҳарбӣ ду нафар шаҳрванди шаҳри мо Гиёев Давлат ва Каримов Содиқҷон ҳалок ва як нафар Намозов Ҳабибулло сахт маҷруҳ гаштаанд.

Ватан хизмати онҳоро ҳамеша қадр менамояд. Маҳз хизмати сарбозон аст, ки ҳамаи мо оромона кору зиндагӣ карда истодаем.

Бояд қайд намоям, ки оилаҳои ҳарсеи онҳо дар баробари собиқадорон зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, онҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва дар арафаи идҳо ва ҷашнҳои давлатӣ ба онҳо аз тарафи мақомоти иҷроия ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр мунтазам кӯмакҳои моддӣ-молиявӣ расонида мешавад.

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки саҳми кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар дар пешрафти ҷомеа назаррас мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Мактаби баланди ватанпарастӣ ва ватандӯстии падару бобоёнамон дар он солҳои душвори ҷанг бояд барои ҷавонони имрӯза, хусусан хизматчиёни ҳарбии Кувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихор ва намунаи ибрат бошад.

Боварии комил дорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз аскарони қаторӣ то афсарони баландрутба бо садоқати бепоён мисли падару бобоён амнияти ҳамешагии Тоҷикистони азизамонро таъмин менамоянд.

Ман аз ҳамаи ҷавонони шаҳри Левакант ва кишвари азизамон Тоҷикистон даъват менамоям, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати модар Ватанро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Зеро хизмати ҳарбӣ ин мактаби шуҷоату мардонагӣ мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони шаҳри Левакант ва кишвари азизамон Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи нек ва хонаи ободро таманно менамоям.

Рӯзи Артиш муборак!

Саломату сарбаланд бошед !

Возможно, это изображение 2 человека и текст