ЛЕВАКАНТ: ОСОРХОНА БОЗГӮИ ТАЪРИХИ ДИРӮЗУ ИМРӯЗ

.

Тавре қаблан дар яке аз хабарҳомон гуфта будем, ҳар нафаре, ки ба шаҳри Левакант меояд ҳатман аз ОСОРХОНА-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант дидан мекунад.

 

Имрӯз 28-уми феврал, Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳри Левакант, Раҷабзода Бибираҷаб Сафаралӣ-муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Қурбонзода Манучеҳр Муссо-нозири калони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Содиқзода Эмомалӣ-ёрдамчии прокуррори ҳарбии гарнизони Бохтар, Латифзода Талабшо-сарнозири Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи як нақшаи корӣ бо донишҷӯёни филиали ДБССТ дар шаҳри Левакант омаданду пас аз иҷрои масъулият аз ОСОРХОНА-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК» дидан карданд.

Боиси зикр аст, ки дар Осорхона хотироти даврони ҷавонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳсил дар Муассиса (солҳои 1969-1971), аксҳои ҳамсабақону устодон ва дӯстони Сарвари давлат гирдоварӣ шуда, нигаҳдорӣ мешаванд. Инчунин замони давлатдорию давлатсозии Пешвои миллат шуруъ аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз, муносибатҳои дипломатии дохилию хориҷӣ, дастоварду асарҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат гирдоварӣ шудаанд, ки ҳар бинанда аз он ғизои маънавию, таърихию сиёсӣ мегирад.

Бояд гуфт, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон осорхонаи бозгӯи таърихи дирӯзу имрӯзи миллат ва маҳфузнигоҳдорандаи маданияту фарҳанг мебошад.