ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН
23-юми май, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо роҳпаймоии идона оғоз гардид. Дар кӯчаи марказии шаҳр, намоиши дастовардҳои варзишгорон ҳунармандон ва бозиҳои варзишӣ манзур гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарону кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонону сокинони шаҳр дар чорабинӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ ҷавонони шаҳри Левакант ва тамоми ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ зимни сухани табрикии худ зикр намуд, ки 23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун ки маҳз ҳамин саннаи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд. Инак шуруъ аз соли 1997 дар заминаи ташаббуси қонунгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони миллат дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамасола насли ҷавон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ин санаи арзишмандро истиқбол мегиранд.
Инчунин дар ҳамин фазои тантанавӣ ҷавонони як қатор ташкилоту корхона ва варзишгарон барои саҳми арзанда дар рушду нумуи кишвар, ободонию созандагӣ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзиш бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳр сарфароз дониста шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр, пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардида, ҷавонони шаҳр тантанаи шодию сурур карданд.