ЛЕВАКАНТ: МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ
Имрӯз 12-уми июн, бо иштироки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Моҳираи Абдуғаффор, намояндагони бахши маорифи шаҳр майдончаи тандурустии истироҳатии кӯдаконаи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳр дар давраи таътили тобистона кушода шуд.
Дар оғози ин чорабинии фарҳангӣ, ҳунарнамоии дуструякони муассисаи давлатии таълимии томактабии №1, иборат аз суруду тарона ва рақсу бозиҳои шавқовар манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроия-Моҳираи Абдуғаффор мавсими нави истироҳату фароғатро барои кӯдакон шодбоши намуда оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо ибрози назар кард ва бораи ҷалби кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳативу фароғатӣ ва тандурустӣ пешниҳодоти худро пешкаш намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, дар ин давра набояд, ки кӯдакону наврасон бекор монанд. Тамоми вақти онҳо бояд тақсимбанди шуда ба омӯзиш ва дигар чорабиниҳо пур карда шаванд. Зеро сарчашмаи ҳамаи амалҳои номатлуби наврасон аз бекоргардӣ ва беназоратии онҳо мебошад.
Ҳамзамон дар мавсими нав ҳавзи оббозии кӯдакони муассиса фаъол гашта, бо даъвати шоҳи обӣ кӯдакон хурсандона ба оббозӣ пардохтанд.
Каримова Дилором мудири муассиса ҳамзамон дар суҳбат ба мо гуфт, ки тибқи нақша-чорабинии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар вақти таътили тобистона мавсими нави истироҳату фароғати кӯдакон оғоз гардида, мурабияҳо кушиш менамоянд, ки бо машғулияту барномаҳои ҷолиб ба кӯдакон истироҳату фароғат бахшанд.