ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ МАСЪУЛИ БАХШИ ДИН БО НАМОЗГУЗОРОНИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪ
26-уми июл, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода ва дигар фаъолон тибқи нақша-чорабинӣ дар масҷиди панҷвақтаи ҷомеъи ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” пеш аз намози ҷумъа бо намозгузорон вохӯрӣ ва суҳбат анҷом доданд.
Мақсад аз ин вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи баромади Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9-уми марти соли ҷорӣ дар масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, сеҳру ҷоду, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирӣ аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона буда, масъулин дар ин бора фишурда баромад намуданд. Ва аз ҳар намозгузор даъват ба амал оварданд, ки ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия намуда, саҳми худро дар ояндаи неки Тоҷикистон гузоранд.
Инчунин мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иброз дошт, ки имрӯз камбудии ҷиддӣ дар масъалаи ҳаҷ ва умра бештар ба назар мерасаду зиёдаравӣ дида мешавад. Ба ҳар тарзе набошад бояд пеши роҳи ин амали нодурустро гириф. Ӯ иброз дошт, ки дар моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 20-уми июни соли 2024 дар он тағйирот ворид гардид, сухан дар хусуси маросими ҳаҷ ва умра меравад. Дар он омадааст, ки маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар боло манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.