ЛЕВАКАНТ: ЗАМИН БОЯД ДАР ДОИРАИ ТАЛАБОТҲО ИСТИФОДА ШАВАД!

.

Имрӯз 25-уми июл, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон оиди як қатор масъалаҳо вобаста ба истифодаи замин бо масъулини бахши кишоварзии Мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ прокурори шаҳр- Зоирзода Комилҷон иброз дошт, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бо риояи ҳамин талабот дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як хоҷагидор бояд заминро самаранок истифода барад, тибқи дурнамо кишт намуда ҳар як ваҷаб замин бояд мақсаднок истифода шавад. Дар баробари истифодаи замин хоҷагидор бояд маблағӣ андоз, об ва барқро саривақт пардохт намуда, ба фаъолияти мунтазами дигар сохторҳо монеа эъҷод накунад.
Бояд гуфт, ки мақомоти поркуратура дар навбати худ назорати истифодабарандагони заминро тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти замин ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, идоракунии босамар ва оқилонаи захираҳои замин, инчунин назорати истифодаи самараноки замин ва ҳифзи онро таъмин менамояд. Ва истифодаи оқилонаи замин дар доираи талаботҳо ҷиҳати таъмини босамари озуқавории мамлакат нақши калон мегузорад.