ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

.

Имрӯз 30-юми сентябр, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант-атрофи ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Коференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

 

Дар Конференсия, масъулини бахши маориф, директор ва омӯзгорону хонандагони Литсейи мазкур иштирок намуданд.

Дар мавзуҳои «Ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», «Мақоми инсонгароӣ дар афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ нобиғаи назми классики форсу тоҷик» омӯзгорону хонандагон маърӯзаҳо намуданд.

Дар маърӯзаҳо гуфта шуд, ки мутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст.

Сипас аз тарафи хонандагони Литсей Компазитсияи адабӣ ва барномаи фарҳангӣ аз абёти пурғановати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.