ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАРКИ НАКУНОМ ЗИСТ...
Маъмурият, омӯзгорон ва хонандагони Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант ба номи Давлатҷон Гиёев, ба хотири рӯзи аз олам гузаштани ҷавонмарди тоҷик Давлатҷон Гиёев чорабинии ёдбудӣ гузарониданд.
Дар чорабинӣ падари афсари зинданом Бурҳон Гиёев, устодону собиқадорони меҳнат иштирок намуда, аз ҷавонмардӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, садоқатмандии Давлатҷон Гиёев ёдовар шуданд.
Аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон дар ин чорабинии ёдбудӣ шеъру қиссаҳои ватандӯстона қироат шуд.
Ӯ писари Ватан буд ва барои ҳимояи Ватан дар муқобилият бо як гурӯҳи ҷиноятпеша ҷони худро қурбон намудааст. Агар имрӯз бо мо ҳам набошад, аммо ман ҳамчун падар ифтихор мекунам, ки чунин ҷавонмардро ба воя расонидам гуфт Бурҳон Гиёев падари шодравон Давлатҷон Гиёев ва минатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои қадршиносию дастгирӣ ва ба номаш гузоштани яке аз Литсейҳои давлатии шаҳрро арзи эҳтиром ба ӯ ҳисобид.
Ҳабибулло Намозов зимнан гуфт, ки “Соли 2010, Давлатҷон Гиёев командири взвод ва ман сарбози қаторӣ будам. Ӯ ки худаш таҳсилкардаи мактаби ҳарбӣ буд тамоми нозукиҳои ҳарбу зарбро ба мо сарбозон меомӯзонид. Ҳатто дар вақти амалиёти ноҷавонмардонаи як гурӯҳ хоинони миллати тоҷик дар ноҳияи Рашт дар баландии беш аз 2000 метр кушиш менамуд, ки мо аз сардию гуруснагӣ азият накашему барои ҳимояи Ватан ва миллат бар зидди душман муқобилият кунем. Ниҳоят 19-уми сентябри соли 2010, ману ҳамяроқон ва командирамон ҳангоми задухурди мусалаҳона бо гурӯҳи ҷиноятпеша сахт маҷруҳ гештем, ки мутаасифона Давлатҷон Гиёев ва чанд ҳамяроқи дигарамон дар ҳамон ҷо қаҳрамонона ба ҳалокат расиданд.
Дар чорабинии ёдбудӣ зиндагинома ва муваффақиятҳои Лейтенант Давлатҷон Гиёев ёдоварӣ гардида, гуфта шуд, ки ӯ 12-уми августи соли 1987 дар деҳаи Сайёди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил соли 2003 ба Литсейи ҳарбии ба номи генерал майор Тошмуҳаммадов М.Д. дохил мешавад. Лейтенант Гиёев Давлатҷон баъди хатми Литсейи мазкур соли 2005 бо дастгирии Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи дониши ҳарбии худ ба Донишкадаи ҳарбии шаҳри Тула дохил шуда, дар соли 2010, Донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, аз тарафи роҳбарияти Донишкада бо рутбаи Лейтенант сарфароз гардида шудааст. Инчунин ӯ аз 24-уми августи соли 2005 курсанти Маркази миллии таълимии ҳарбии қушунҳои хушкигарди Академияи умумиқушунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсия Россия буда, баъди хатми он бо қарори Комиссияи аттестатсионӣ ба Давлатҷон Гиёев дар соли 2010 тахассуси муҳандис бо ихтисоси микромеханик дода мешавад. Аз 23-юми июли соли 2010 дар вазифаи командири взводи миномиётии ротаи якуми десантии ҳамлаовари баталиони десантии ҳамлаовари Қисми низомии 06870 “В”-и Қушунҳои зудамали Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.
Дар ин умри кутоҳаш Давлатҷон Гиёев ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ, омӯзиш ва нияти хизмати содиқона намудан ба ватани азизашро дошту ба ҷо овард. Аммо риштаи ҳаёташро хоинони Ватан канданду ҷаҳду талошҳояш ба охир расиданд.
Давлатҷон Гиёев пас аз маргаш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми феврали соли 2013 таҳти рақами 1408, бо медали Ҷасорат қадршиносӣ шуда ва Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант ба номаш гузошта шудааст.
Номат ҳамеша вирди забонҳост, эй афсари содиқи Ватан!