Ӯ ПИСАРИ ВАТАН БУД
19-уми сентябр, рӯзи қаҳрамонона ҷон бохтани афсари тоҷик, ҷавони шаҳри Левакант, Давлатҷон Гиёев зимни адои хизмат дар ҳодисаҳои ноҳияи Рашт мебошад.
Дар ин рӯз бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Манучеҳр Саидқулов ба аёдати хонаводаи марҳум Давлатҷон Гиёев рафта, аз ҷониби Мақомоти иҷроия кумак расониданд.
Ӯ писари Ватан буд ва барои ҳимояи Ватан дар муқобилият бо як гурӯҳи ҷиноятпеша ҷони худро қурбон намудааст. Агар имрӯз бо мо ҳам набошад, аммо ман ҳамчун падар ифтихор мекунам, ки чунин ҷавонмардро ба воя расонидам гуфт Бурҳон Гиёев падари ҷавони марҳум Давлатҷон Гиёев, ва минатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои қадршиносию дастгирӣ ва гузоштани номи яке аз Литсейҳои давлатии шаҳрро ба номаш гузоштанд.
ЗИНДАГИАШ САРОПО ҶАҲДУ ТАЛОШ БУД
Лейтенант Давлатҷон Гиёев 12-уми августи соли 1987 дар деҳаи Сайёди Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил соли 2003 ба Литсейи ҳарбии ба номи генерал майор Тошмуҳаммадов М.Д. дохил шудааст. Лейтенант Гиёев Давлатҷон баъди хатми Литсейи мазкур соли 2005 бо дастгирии Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи дониши ҳарбии худ ба Донишкадаи ҳарбии шаҳри Тула дохил шуда, дар соли 2010, Донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, аз тарафи роҳбарияти Донишкада бо рутбаи Лейтенант сарфароз гардидааст. Инчунин ӯ аз 24-уми августи соли 2005 курсанти Маркази миллии таълимии ҳарбии қушунҳои хушкигарди Академияи умумиқушунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсия Россия буд. Баъди хатми он бо қарори Комиссияи аттестатсионӣ ба Давлатҷон Гиёев дар соли 2010 тахассуси муҳандис бо ихтисоси микромеханик дода шуд. Аз 23-юми июли соли 2010 дар вазифаи командири взводи миномиётии ротаи якуми десантии ҳамлаовари баталиони десантии ҳамлаовари Қисми низомии 06870 “В”-и Қушунҳои зудамали Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.
Лейтенант Гиёев Давлатҷон 19-уми сентябри соли 2010 дар вақти адои хизмат аз дасти як гурӯҳи террористӣ дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидааст.
Лейтинант Давлатҷон Гиёев дар оромгоҳи деҳаи Сайёди ноҳияи Мир Саид Али Ҳамадонии минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ба хок супорида шудааст. Дар ин умри кутоҳаш Давлатҷон ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ, омӯзиш ва нияти хизмати содиқона намудан ба ватани азизашро дошту ба ҷо овард. Аммо риштаи ҳаёташро хоинони Ватан канданду ҷаҳду талошҳояш ба охир расиданд.
Номат ҳамеша вирди забонҳост, эй афсари содиқи Ватан!