ЛЕВАКАНТ: ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МТМУ №3

.

 
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ тибқи нақшаи корӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр дидан намуд. Ӯ дар муассиса ба сатҳу сифати таълиму тарбия, вазъи давомоти хонандагону омӯзгорон, сару либоси ягонаи мактабӣ, рӯзномадорӣ ва дигар қоидаҳои мактабӣ ошно гардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбия баҳои хуб дод. Ҳамзамон баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои мактабиву ҷумҳуриявӣ ба омӯзгорон тавсияҳо дод.
Бояд гуфт, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №3, дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ҷойгир буда, яке аз муассисаҳои намунавии шаҳр ба ҳисоб меравад.