ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО НАМОЗГУЗОРОН

.

4-уми октябр, баҳри пешгири аз хурофот, омилҳои номатлуб, пешгири аз тероризму экстремизм, авбошӣ ва дигар амалҳои ба ҷамъият хавфнок, тибқи як нақша-чорабинии муштарак, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Раҳимзода Меҳроҷ, масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант, зимни адои намози ҷумъа бо намозгузорон дар масҷиди ҷомеи шаҳри Левакант вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳи корӣ вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯз ва хатару таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, пешгири аз омилҳои номатлуби тероризму экстремизм, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз зиёдаравӣ, пешгирии наврасон аз рафтан ба масҷид, бедор кардани ҳисси ватандӯстию худшиносии наврасону ҷавонон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо баромади фишурда карданд. Ҳамзамон аз ҳар як намозгузор даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон ҳиссагузорӣ намоянд. Онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, варзиш, китобхонию китобдӯстӣ ҷалб карда, ба ин васила баҳри пешгирӣ аз ҳама амалҳои номатлуб мусоидат намоянд.