ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР Ҷ/Д “ВАҲДАТ”

.

Имрӯз 27-уми январ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, бо сокинони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

Дар ин вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Шарифӣ Бобосафар, раиси ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-Султонов Фарух, мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло вадигар фаъолон иштирок намуданд. Масъулин вобаста таҳлилу баррасӣ, дастуру супориш ва масъалагузориҳое, ки зимни ироаи Паём, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, ибрози назар карданд.

Гуфта шуд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, бо зикри пешрафту муваффақиятҳои тамоми самтҳои давлатдорӣ ва баёни масъалаҳои мубрами рӯз дар саросари кишвар ва берун аз он, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояҳои устувор мегузорад.

Масъалагузориҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро бояд мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ намуда, баҳри дар амал татбиқ гаштани барномаҳои давлатӣ, ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стротегии мамлакат талош варзему нақши худро дар рушди минбаъдаи давлати худ гузорем.

Ҳамзамон вобаста ба пешгириии масъалаҳои доғи рӯз экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар аъзои ҷомеа, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон суханронӣ шуда, сокинон аз намояндагони Мақомоти иҷроия, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.