ЛЕВАКАНТ: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

.

24-уми январ, дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ дар шаҳри Левакант, бо ҷалби раис, муовини раиси комиссия, котиби комиссия ва аъзои комиссияи участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, Семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дар Семинар роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант- Шарифи Бобосафар Ғанизода, раиси комиссияи интихобот аз ҳавзаи Бохтар 26-Ашурзода Амонулло Ашур ва дигар масъулин иштирок намуда, вобаста ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаҳмондадиҳи карданд.

Гуфта шуд, ки интихобот як маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иродаи халқро муайян мекунад. Аз ин хотир он бояд дар сатҳи зарурӣ шаффофу демократӣ баргузор гардад.