ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

.

Имрӯз 13-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтумро муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло раиси намуд.
Дар кори иҷлосия, вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят-Усмонзода Исфандиёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ иштирок доштанд.
Рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум бо масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуд.
1. Ахбороти раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант,даъвати ҳафтум.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум.
5. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Дар бораи тасдиқи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Дар бораи интихоби намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
Инчунин мувофиқи муқарарот, вакилони тозаинтихоби Мақлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, баҳри садоқат ба халқу Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ савганди садоқат ёд карданд.