ЛЕВАКАНТ: ДУХТАРОНИ ЛЕВАКАНТ ДУ ҶЙИ ЯКУМРО СОҲИБ ШУДАНД
6-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар байни занону бонувон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ вилоят, мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқа ду хонандаи Литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант, Файзова Тахмина ва Носирова Сафина иштирок намуда, дар мусобиқаи тирпарони аз камонҳои пневматикӣ ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани АК-74 ҷойи аввалро сазовор гардиданд. Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин бора роҳбари Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант-Ғуломова Гулшан хабар дод.



