ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР
Имрӯз 3-юми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр гузаронида шуд.
Дар оғоз Муминзода Мастура Табарӣ барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани Интихоботи МНМОҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба тамоми фаъолон изҳори сипос намуд. Сипас аз масъулин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи сипаригашта пурсиш гузаронид.
Инчунин ба тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар ҳафтаи ҷорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, иҷроиши онҳоро то охири ҳафта ба масъулин вогузор намуд.
Ташкил ва баргузории Иҷлосияи 1-ум, даъвати 7-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи буҷети маҳаллӣ, иҷрои нақшаи шудгори замин ва кишту кори баҳорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашнҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозагию кабудизоркунӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усули фардии Хона ба хона, дар асоси дастуру супоришҳо ва дигар корҳои идеологӣ аз масъалаҳои муҳими маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр мебошад, ки масъулин дар ин самт муваззаф гардиданд.


