ЛЕВАКАНТ: ШАҲРИ САБЗ ВА ШАҲРИ ГУЛҲО
Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, имрӯз дар шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз кормандони ташкилоту корхонаҳо фаъолона ба ҳашар баромада, бо анҷом додани корҳои тозагӣ, гулшинонӣ ва нарм намудани бехи дарахтон дар кӯчаҳои шаҳр ва назди бинои ташкилоту корхонаҳо саҳми худро гузоштанд.
Муминзода Мастура Табарӣ 5-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлиси назоратӣ ба роҳбарони тамоми ташкилоту корхонаҳо муроҷиат карда гуфт, ки «Бо фаро расидани фасли баҳор рӯзҳои башумор мондааст, ҳоло вақти ниҳолшинонӣ кабудизоркунӣ ва ободони мебошад. Ҳар яки мо бо ҳисси баланди зебоипарастӣ баҳри ободӣ ва сарсабзу хуррамнамоӣ бояд саҳмгузор бошем. Ободие, ки мо имрӯз мекунем барои ояндаи фарзандонамон аст. Аз ин хотир бояд тибқи нақшаи кабудизоркунӣ дар тамоми кӯчаву маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шинонидани ниҳолҳои ороиши ва гулу буттаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Шаҳри Левакант, бояд шаҳри сабз ва шаҳри гулҳо бошад».
Дар пайи ин тадбир дар аксар ташкилоту корхона боғҳо шинонидани гули лола ва дигар гулу буттаҳо сурат гирифт.