ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ ГУЛШИНОНИЮ ОБОДОНӢ

.

Имрӯз 14-уми феврал, аз тарафи кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию комуналӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Левакант, дар боғи фарҳангӣ фароғатӣ ҳашари гулшинони гузаронида шуд. Дар ин рӯз кормандони ин ду сохтор гулҳои ороишию мавсими шинонида намои боғи фарҳангиро зеботар гардониданд.

 

Ҳамчунин дар дигар кӯчаҳои шаҳр, корҳои ободонию латокхобонӣ дар ҷуйҳои обрав сурат гирифт, ки дар ин кор кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва кормандони техникии ташкилоту корхонаҳо саҳми назаррас гузоштанд.

Бояд гуфт, ки бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ чанд рӯз аст, ки чунин корҳои ободонӣ ҷараён дораду дар рӯзҳои дигар идома хоҳад кард.