Аёдати 10-нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта
Кормандони Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Левакант дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Зафарҷон Мусулмонзода, директори КДФ "БММҒ", ки ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант мебошад, ба аёдати 10-нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта рафта, ба онҳо кӯмаки яквақтаи молиявӣ расониданд.