ТАВСИЯҲОИ МУФИД

.

Бунёди ҷомеаи солим аз модари солим вобастагӣ дорад. Барои оне ки модар солим бошад ва ҷомеа солим бимонад чӣ бояд кард?

Синамакониро ҳам барои тифл ва ҳам барои модар хеле пурманфиат медонанд. – Манфиатҳои синамаконӣ хеле зиёд аст, аз ҷумла синамаконии дар дақиқаҳои аввали пас аз таваллуд хунравии баъдитаваллудиро пешгирӣ мекунад. Инчунин, ба барқарор шудани системаи организми зан, ки дар давраи ҳомиладорӣ баъзе тағйирот ворид шудааст, мусоидат намуда, солимии зан барқарор мешавад. Ҳамчунин, синамаконӣ ба паст шудани ҳамли номатлуб мусоидат мекунад, – мегӯяд сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Левакант Ҳусейн Эмомов.

 

МАНФИАТҲОИ ШИРИ МОДАР

Ба андешаи мусоҳиби мо агар модарон аз манфиатҳои синамаконӣ ва аҳамияти шири сина ба кӯдак пурра бохабар бошанд, ҳеҷ гоҳ ба кӯдак шири сунъӣ намедиҳанд. Албатта ҳар зани қобили таваллуд, ки модар шудан мехоҳад, бояд вобаста ба тавлиди тифли солим, ғизои солим, таркиби шири модар маълумоти кофӣ дошта бошад. Воқеан ҳам таркиби шири модар бемисл аст, дар тиб онро тиллои сафед ҳам мегӯянд ва ҳеҷ гоҳ ширҳои сунъӣ ҷойи онро гирифта наметавонанд.

– Вақте модар таваллуд мекунад, дар ин вақт шири аввалия мегӯянд ва миқдори ин шир хеъле кам аст. Миқдор кам ҳам бошад, аммо калориянок, аз сафедаҳо, карбогидратҳо ниҳоят бой мебошад, ба қадри кофӣ талаботи меъдаи хурди кӯдаки навзодро қонеъ мекунад. Шири аввалия дар муддати 4 рӯзи аввал ҳосил мешавад. Камравған ва ҳазмшавиаш хеле осон мебошад. Аз ин хотир кӯдак зуд-зуд ғизохӯрӣ мекунад, ки ба истеҳсоли шири модар мусоидат менамояд.

Зимнан, баъди 4 шабонарӯз истеҳсоли шири гузаранда, яъне шири дуюм ба вуқӯъ меояд ва албатта ин шир антителаҳо ва сафедаҳои камтар дорад, аммо таркиби калорияаш бой аст. То мӯҳлати 15 шабонарӯзро дар бар мегирад ва баъди 15 шабонарӯз шири модар ба ҳолати муқаррарӣ ҳосил мешавад, – иброз дошт сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Левакант Ҳусейн Эмомов.

Чуноне Ҳ. Эмомов иброз дошт, то 6-моҳагӣ вақте кӯдак шири модар истеъмол мекунад, ҳоҷат ба истифодаи обҳои беруна намемонад ва таркиби шири модар 90 % об дорад. Ҳамчунин, таркиби шири модар ба танзими хоби кӯдак низ мусоидат мекунад.

КАДОМ ҒИЗОҲО БЕҲТАР

Ба суоли “занони ҳомила ва занони ширдеҳ бояд чӣ гуна ғизоҳоро истеъмол намоянд, баъди шашмоҳагӣ ба кӯдак бояд кадом ғизоҳо дода шавад” ба Ҳусейн Эмомов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Левакант муроҷиат намудем. Ӯ дар ин маврид гуфт: “Ғизое, ки модар истеъмол мекунад бояд солим бошад, албатта ғизои солим ин ғизои табиӣ аст. Аз ғизоҳои тезтайёр ва ғизоҳое, ки таркиботи кимиёвии зиёд доранд, бояд истифода набаранд. Аз ғизоҳои табиӣ бештар истифода намоянд ва зиёдтар об нӯшанд. Тифли батни онҳо эҳтиёҷ ба об дорад ва об базе заҳрҳоро, ки дар организми зани ҳомила ҳосил мешаванд, бартараф менамояд.

Баъди 6 моҳагӣ мо метавонем ба кӯдак ғизоҳои иловагӣ диҳем. Ғизоҳои иловагии баъди 6 моҳагӣ об, картошка, сабзии обҷӯш ва афшураи меваҳои ватанӣ баманфиат аст. Баъзан таги табақро ба кӯдак медиҳанд, ки ин чандон қобили қабул нест. Яъне, аз табақе, ки чанд нафар аз он истеъмол менамоянд бояд аз он ба кӯдак надиҳем”.

АҲАМИЯТИ МАШВАРАТҲО БО ТАБИБ

Дар идомаи суҳбат Ҳ. Эмомов ёдрас шуд, ки тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як зани ҳомила аз ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ бояд дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ ба қайд гирифта шавад. Дар он ҷо аз машваратҳои вобаста ба солимии зан бархӯрдор шуда, таҳлилҳо гирифта мешаванд, то дар давраи ҳомиладорӣ ягон таъсири манфӣ ба модар ва тифли ӯ нарасад.

Хушбахтона давоми се соли охир дар шаҳри Левакант фавти модар ба қайд гирифта нашудааст, ки ин натиҷаи робитаи хуби кормандони соҳаи тандурустӣ бо сокинон мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади пешрафти кор дар ин росто аз шогирдони Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, яъне курсҳои 3 ва 4 истифода мебарем ва онҳоро ба минтақаҳои осебпазир мефиристему саривақт занони ҳомиларо ба қайд гирифта, ба машварату табобат фаро мегирем. Тартибот хуб ба роҳ монда шудааст ва мо инро аз беморхона баҳо медиҳем, зеро занҳое, ки ба ин ҷо ворид мешаванд, бо картаи мубодилавӣ меоянд.

Зани ҳомиладор агар хоҳад тифли солим ба дунё биорад, бояд баъди 12 – ҳафтаи ҳомиладорӣ дар қайди муассисаҳои кумаки аввалияти тиббӣ-санитарӣ бошад ва 8 маротиба то вақти таваллуд машварати табиби акушер-генекологи ҳамон минтақаро бигирад. Баъдан, тавассути картаи мубодилавӣ бояд ба беморхона биёяд.

Дар мо чӣ мушкилот аст, баъзан вақт волидайн, шавҳари зан барои бақайд гирифтан, барои баъзе таҳлилҳои зан зид мебарояд. Занҳо эҳтиёҷ доранд ба дастгирии аъзои оила. Лекин бояд фаромӯш насозем, ки ин тартибҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бароҳмондашуда бе таҳлил нестанд ва мақсаднок мебошанд. Дар ин таҳлилҳо ҳолати солимии зан баҳо дода мешавад.

АЗ ИМТИЁЗҲОИ ЗАНИ ҲОМИЛА ТО ТАВЛИДИ ТИФЛИ СОЛИМ

Чуноне мусоҳиби мо Ҳ. Эмомов гуфт, имтиёзҳо барои зани ҳомила зиёд аст. Дар занҳои ҳомила гузаронидани ташхиси ултрасадоӣ ва дар давраи ҳомиладорӣ агар ягон беморӣ дар ӯ мушоҳида шавад ва ба шуъбаи таваллудӣ муроҷиат намояд, бистарӣ ва табобати он ройгон анҷом дода мешавад. Таваллуди физиологӣ ройгон хизматрасонӣ мешавад, барои зани ҳомила тестҳои ташхиси бемории ВНМО низ ройгон аст.

Соли 2023 дар беморхонаи марказии шаҳри Левакант 4 фавти баъдитаваллудӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сабабаш норасид таваллуд шудани онҳо мебошад. Ҳамчунин, 15 фавти дохили батн ба қайд гирифта шудааст. Сабаби таваллуди тифли норасид дар чӣ аст? Ҳар оила бояд ба зани ҳомила таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Дар давраи ҳомиладорӣ зани ҳомила аз ҷиҳати психикӣ, иҷтимоӣ бояд ором бошад ва ин ба саломатии модару кӯдак хеле муҳим аст. Тифл бояд дар бант дуруст инкишоф ёбад. Кӯшиш намоянд, ки модар ба бемории сирояти шадиди роҳи нафас гирифтор нашавад.

Имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зан бениҳоят зиёд аст. Имрӯз дар шаҳри Левакант бо дастгирии Вазорати тандурустӣ таҷҳизоти ултрасадоии дақииқияташ баланд баҳри муоина муҳайё буда, дар хизмати сокинон қарор дорад. Аз ин ин имконият сокинон бояд самаранок истифода баранд.

Суҳбаторо-Ниёзӣ

Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст