ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРИ МАРДӢ...

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар зери сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Модар бо ҷалби ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ба 60-нафар духтарони ятими кул ва имконияти маҳдудидошта дар яке аз тарабхонаҳои барҳавои шаҳр, дастархони идона ороста эшонро бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд намуд. Муминзода Мастура Табарӣ бо ятимони кул сари як миз нишаста аз таҳсил ва ҳолу аҳволашон пурсон шуд. Ва гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро ятиму бекас наҳисобанд. Зеро давлату ҳукумат онҳоро парасторӣ ва пуштибонию сарварӣ мекунад. Инчунин ба масъулин супориш дод, ки ҳамеша ятимону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳоро кумакрасону пуштибон бошанд. Зеро чунин ашхос ҳамеша ба дастгири ниёз доранд.

Ятимон низ дар навбати худ миннатдорияшонро ба шаҳрдорӣ баён намуданд.