Левакант: Таҷлили “Рӯзи Модар” аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ то баргузории чорабинии тантанавӣ

.

5-уми март, дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалӣ, сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин қабл аз оғози чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

 

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Муминзода Мастура Табарӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба “Рӯзи Модар” оғози баҳор табрик намуда, дар баромадаш қайд кард, басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо “Рӯзи Модар” истиқбол карда мешавад. Ҷашни модарон бо баҳор тавъам буда, зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад.

Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.

Сипас дар ҳамин фазои тантанавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба як қатор занони собиқадор ва ҷавондухтарони фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон барномаи рангини идонаи омодакардаи аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои дилнишин пешкаши тамошобинону меҳмонон гардонида шуд.