Левакант: МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ МЕБОШАНД

.

Дар арафаи Рӯзи Модар бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ чанд тан аз шахсони имконияти маҳдудидошта аёдат шуда бо туҳфаҳо қардшиносӣ шуданд.

 

Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр, Халилзода Нуқрамоҳ мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ва дигар масъулин туҳфаҳои шаҳрдориро ба онҳо расонида, аз номи шаҳрдорӣ оҳоро ба Рӯзи Модар табрик намуданд.

Аёдатшудагон дар навбати худ ба шаҳрдорӣ ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша барои дастгириҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.