ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ САД РАНГИ ЧАКАН
Дар Қасри Фарҳаги шаҳри Левакант, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷиҳати ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакан, сузанидӯзиву чакандӯзӣ, муарифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Халилзода Нуқрамоҳ, дигар мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроия, занону бонувони фаъол иштирок намуданд. Сипас, муовини раиси шаҳр, Шоҳиён Саъдулло чорабиниро ифтитоҳ намуда, мақсади асосии баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Нуқрамоҳ Халилзода мудири бахши кор бо занон ва оила дар баромади худ зикр намуд, ки санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст.
Даври шаҳрии Фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони шаҳри Левакант, пешниҳод карда шуд.
Дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин, ки ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаш гардонида шуд.
Пас аз баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», дар гулгашти Парчами миллии шаҳри Левакант, аз ҷониби гулдухтарон, занону бонувон Аксияи «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида шуд. Дар рафти Аксия гулдухтарон ва занону бонувони шаҳр бо либосҳои миллӣ чакан, адрасу атлас бори дигар аз фарҳанги қадимаи пушиши либоси миллии тоҷикон ёдовар шуданд.
Боиси зикр аст, ки бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд. Лозим ба зикр аст, ки давоми чанд соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.