ЛЕВАКАНТ: БЕДОР КАРДАНИ ҲИССИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН

.

Имрӯз 13-уми март, тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» дар арафаи Иди Наврӯз бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, раиси амалиётҳои мусаллаҳонаи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и шаҳри Левакант-Бароталиев Сафар, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд»-Ашуров Орзу масъулини бахши маориф омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Мақсад аз ин вохӯрӣ эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз он ҷумла ҷашни Наврӯз, сатҳу сифати таълиму тарбия, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои доғи рӯз буда, аз тарафи гурӯҳи корӣ дар мавзуҳои болозикр фикру андеша ва пешниҳодҳо сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунуни ҷавонони мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошанду ватани азизамон Тоҷикистонро ба мисли модари худ дӯст доранд. Муқадасот ва арзишҳои онро ҳифзу эҳтиром намоянд. Ва мо бояд Наврӯзи байналмилалиро ба мисли дигар ҷашнҳои миллӣ бо омодагии ҷиддӣ бо расму оин ва сунатҳои миллӣ дар якҷоягӣ ҷашн гирем.