ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

.

12-уми март, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, бо сокинони деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти "Гулистон", омӯзгорону хонандагони муассиса вохӯрӣ намуда, ҳамзамон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон расониданд.

 

Муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдуло вобаста ба нуктаҳои гуногуни Паём баромад намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Левакант дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошанд. Ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Шеров Давлат, дар иртибот ба суханронии Пешвои миллат зимни ироаи Паём дар боби худшиносӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон ибрози назар намуд.

Маҳмад Хидирзода мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия дар боби баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва баҳри пешгири аз ҷинояту дигар омилҳои номатлуб нуктаи назар кард.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Раҳимов Файзулло вобаста ба сифати таълиму тарбия, робитаи падару модар бо омӯзгорон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбия, пешгири аз қоидавайронкуниҳо дар муассиса ва дигар масъалаҳои вобаста ба маориф ибрози назар намуд.

Қурбонов Манучеҳр-роҳбари муассисаи давлатии санитарию эпидемологии шаҳр вобаста ба тозагии ташкилоту корхона, муассиса, масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаҳмондадиҳӣ намуд.

Дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назароти худро баён доштанд.

Инчунин сокинон ва аҳли ҷамоатчигӣ аз ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои худ посухҳои мушахас гирифтанд.