Корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули "Хона ба хона"

.

Тибқи дастуру супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо фаъолзанони муассисаҳои таҳсилотҳои миёнаи умумии -1 ва 2 корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули "Хона ба хона" бо сокинони кӯчаҳои Борбад -33 ва 33/a оиди таълиму тарбияи фарзандон, шабгардию оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушиву худсузӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занон ва ҷавонон роҳандозӣ намуданд.

 

Ҳамзамон, гуруҳи корӣ сокинони кӯчаҳои дар боло зикргардидаро даъват бар он намуданд, ки дар корҳои ободонию тозагии шаҳр: тозаю озода намудани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, ҷӯйборҳои обгузар, рангу бори дарахтон, наовехтани либосҳо ай айвонҳои манзилҳои истиқоматӣ ва риояи маданияти шаҳрдорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.