Корҳои фаҳмондадиҳи бо сокинони кӯчаи Айнӣ-17 (хобгоҳи ҶСК АЗОТ)

.

Тибқи дастуру супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра бо сокинони кӯчаи Айнӣ-17 (хобгоҳи ҶСК АЗОТ) оиди таълиму тарбияи фарзандон, шабгардию оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, худкушиву худсузӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занон ва ҷавонон роҳандозӣ намуданд.

 

Ҳамзамон, гуруҳи корӣ сокинони кӯчаҳои дар боло зикргардидаро даъват бар он намуданд, ки дар корҳои ободонию тозагии шаҳр: тозаю озода намудани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, ҷӯйборҳои обгузар, рангу бори дарахтон, наовехтани либосҳо ай айвонҳои манзилҳои истиқоматӣ ва риояи маданияти шаҳрдорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.