Левакант: Омодагиҳо ба Наврӯз

.

Масъулини ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" бо супориши шаҳрдорӣ, дар кӯчаи Айнӣ ва варзишгоҳи маркази шанбегӣ гузаронида, ба ҷашни Наврӯз омодагӣ диданд. Онҳо бо ҷалби сокинон ва кормандони варзишгоҳ дар атрофи варзишгоҳ гулҳои ороиши шинониданд, ки ин зебоӣ дар рӯзи баргузории чорабинӣ ҳусни дигар зам мекунад.

 

Ҳамингуна корҳои ободонӣ дар назди бинои ташкилоту корхона, хонаҳои баландошёна, кӯчаву маҳал ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба ҷашни Наврӯз идома дошта, сокинони шаҳр азм доранд, ки Наврӯзи аҷамро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гиранд.