ЛЕВАКАНТ: СУМАНАК РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ

.

21-уми март, дар рӯзи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, як гурӯҳ занҳои кӯчаи Борбади шаҳри Левакант, бо пухтани суманак, ки яке аз рамзҳои ҷшни Наврӯзӣ мебошад чорабинии идонаи худро ранг бахшиданд.

 

Суманак, Сумалак ё Суманӯ-навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз катбонуҳо дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Онҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.

Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳи кард.

Ҳангоми кофтани дег занҳо суруди «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Суруди маъруфи суманакпазӣ, ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯзӣ бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, ки ин ананот аз ҷониби занону бонувони шаҳри Левакант хеле хуб иҷро гардид.

Дар як гӯшае гулдухтарон ҳамчун рамзи Наврӯзӣ усмакашӣ намуда якдигарро оро медоданд, дар гӯшаи дигар гурӯҳе шеърхони намуда ба сӯзанидӯзӣ машғул буданд.

Кӯдакон бошанд бо завқи дили худ бозиҳои гуногун ба қавле духтаракон чиқилбозӣ ва писарон буҷилбозӣ мекарданд.

Нуқрамоҳ Халилзода мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо истифода аз фурсат тамоми сокинонро ба ҷашни оламафрӯзи Наврӯз табрик намуда ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бахту саодат орзу намуд.