ЛЕВАКАНТ: ДАР ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТИ ШУМО АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД

.

Имрӯз 27-уми март, тибқи нақша чорабинӣ, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Қурбонзода Манучеҳр ва нозири калони шуъбаи мазкур-Назирзода Беҳрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо масъулин, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо баҳри пешгири аз коррупсия суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.

 

Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр, суҳбати вохӯриро оғоз бахшида, вобаста ба пешгири аз ин омили номатлуби ҷомеа коррупсия ибрози назар намуд.

Аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфта шуд, ки дар баробари тамоми кураи замин имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалҳои коррупсионӣ мушоҳида мегарданд, ки ин кирдори ба ҷомеа хавфнок буда ташвишовар ба назар мерасад. Инчунин гуфта шуд, ки кирдорҳои коррупсионӣ рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор менамояд ва боиси нигаронии шаҳрвандони мамлакат мегардад. Аз ин лиҳоз, муқовимати дастаҷамъона бар зидди ин омили номатлуб метавонад, ба пешгирӣ ва бартараф намудану паст кардани сатҳи коррупсия дар мамлакат мусоидат намояд. Бинобар ин, дар ин мубориза ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад, то ин ки коррупсия дар мамлакат коҳиш ёбад. Дар ин самт таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия аз ҷумла, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» ва Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расиданд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Бо қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зидикоррупсионӣ ва ворид гардидани тағиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти муқовиматбаранда рӯз аз рӯз пурзӯр гашта истодааст.