ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ САРБОЗОД ДАР НАВРӮЗ

.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, Комиссари ҳарбии шаҳр-Ҳусейнзода Юнус бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ сарбозони қисми ҳарбии 0306-и дидбонгоҳи сарҳадии "Навобод"-ро аёдат намуданд.

 

Зимни ин аёдат Шоҳиён Саъдулло, сарбозону афсарони ин қисми низомиро бахшида ба ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда зикр кард, ки осудагии мардуми тоҷик дар кишвари азизамон аз шумо сарбозони шуҷоъи Ватан вобастагии калон дорад. Имрӯз шумо дар хатти сарҳад мардонавор адои хизмати Модар-Ватанро мекунеду падар, модар ва хаҳару бародаратон орому осуда зиндагӣ, кор ва таҳсил мекунанд. Шумо, ки ин қарзи ҷавонмардиро сарбаландона адо мекунед мо сокинон Тоҷикистон аз шумо барин ҷавонмардон ифтихор мекунем. Аз номи Мақомоти иҷроия ва тамоми сокинони шаҳри Левакант ба шумо сарбозони шуҷои Ватан миннатдорӣ баён намуда, орзумандам, ки хизмати Модар-Ватанро содиқонаву софдилона адо намуда бо сари баланд ба назди падару модар ва хонаводаҳоятон баргардед гуфт, Шоҳиён Саъдулло.

Ҳамзамон ҳамчун туҳфаи Наврӯзи аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба сарбозону афсарони қисми низомии мазкур, орду равған, гушт, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм ва дигар анвои хурока кумак расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи ҳар иду ҷашн Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба қисмҳои низомӣ чунин туҳфагузорӣ ва кумакҳо мекунад.