ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ФИЛИАЛИ ДБССТ

.

Чанде пеш дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, чорабинии идонаи наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

 

Дар ин чорабини намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Шеров Давлат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, Олимзода Низора-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дигар меҳмонон ва масъулини Донишгоҳ иштирок намуданда, аз намоиши идонаи донишҷӯёну омӯзгорони филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва «ЛКСК»-и ДБССТ дидан намуданд.

Суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин, сунату оинҳои наврӯзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунару истеъдод ва тамоми дастоварди донишҷӯёну устодон манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд, ки ҳар кадоме чорабиниро ҷилои хосса мебахшид.

Дар қисмати фарҳангии чорабини бошад, аз ҷониби донишҷӯён барномаи идонаи фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.