ЛЕВАКАНТ: КУМАКПУЛИ БА КОРМАНДОНИ КДФ «ХМК»

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар арафаи иди саиди Фитр, кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию комуналии шаҳрро бахшида ба иди саиди фитр табрик намуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар кадомашон туҳфаҳои пули тақдим намуд. Ӯ аз занони ин коргоҳ, ки дар ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр пайваста заҳмат мекашанд изҳори сипос намуд. Ва зикр кард, ки тозагию ободонии шаҳр аз шумо вобастагии калон дорад.