ЛЕВАКАНТ: Мулоқоти судманд бо ҷавонон

.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои орифонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли равон ироа гардид, гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят байни табақаҳои гуногуни ҷомеа корҳои таблиғотӣ мебаранд.

 

Ин навбат вохӯрии ҳайати мазкур дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант идома ёфт. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёну омӯзгорони филиали Донишгоҳ, Колеҷи тиббии хусусӣ, Муассисаи таълимии «ЛКСК» шаҳрвандони касбу кори гуногун ва сокинони маҳал даъват шуда, аз суханронии ҳайати гурӯҳ баҳравар гардиданд. Қаблан моҳияти мулоқотро муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат аз дастуру супоришҳои Роҳбари Олии мамлакат маънидод намуда, атрофи мавзӯъҳои рӯз ба таври муфассал баромад намуд. Вобаста ба таълиму тарбияи дурусти фарзандони миллат, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, ҳамчунин арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи либосҳои миллию эҳёи ҳунар ва расму оинҳои миллиамон сухан гуфт.

Бо ин мазмун раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Нурзода Усмоналӣ, директори филиали Донишгоҳ-Баротзода Шарифхон баромад намуда, бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавонон ва аҳли нишастро ҷиҳати бартарф намудани як қатор камбудиву мушкилоти ҷойдошта даъват намуданд. Ёдовар шуданд, ки Роҳбари давлат нисбати равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҳоли бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ изҳори нигаронӣ карда, бо назардошти мураккабии чунин вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастурҳо доданд. Ҳамин буд, ки намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин даъват шудаву ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баррасишуда муваззаф гардидем, то дар амал тадбирҳои лозима андешем. Аз гузашта ин миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун дар мавриди анҷом додани корҳои ободонию хайру савоб таҷрибаи намунаи ибрат дошта, бо бунёд намудани иншооти таъйиноташон гуногуни ниёзи мардум ва дастгирии табақаи ниёзмандӣ ҷомеа аз рисолати инсондустию ватанпарвариашон дарак додаанд. Чун мо имрӯзиён ворисони ана ҳамон насли бунёдкору созанда ҳастем, дар партави ҳидоятҳои Роҳабри Олии мамлакат умед аст боз ҳам бо анҷом доани иқдомҳои ватандӯстонаву инсопарваронаи хеш ба ҳаёти аз ин ҳам зеботар ноил мешавем.

Интизор меравад, ки бо чунин тарзу услуби корбарӣ ҷомеа аз камбуду нофаҳмиҳои хеш, ки мутаассифона баъзе маврид ба амалаҳои хуруфотию зиёдаравӣ роҳ медоданд, худдорӣ менамоянд. Дар мавриди шинохти асли дину мазҳаби хеш, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва ҳамчун нафарони худшиносу ватанпарвар бо имону ихлоси комилашон дар ҷомеа мавқеъгирӣ намуда, дар умум кулли мардуми шарафмандӣ кишвар баҳри шукуфоию рушди имрӯзу фардои ватани маҳбуби хеш, ки ӯро ном Тоҷикистон аст, камари ҳиммат мебананд. Бахусус тарбияи дурусту созгори насли наврасу ҷавон, ки бар зимаи ҳамаи мост дар партави талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бештар таъсиргузор хоҳад буд. Инчунин, атрофи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Пешвои миллат мароқ зоҳир намуданд ва умед аст бо корҳои оммафаҳмонӣ камбудиву зиёдаравиҳои самти мазкур бартараф хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки шиори зинагии мо дар суханронии Пешвои муаззами миллат тақвият меёбад: “Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем!”