ЛЕВАКАНТ: ХАЙР КУНИ-ХАЙР БИНИ

.

Шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанду бо ин васила халтаи савоби худро пур месозанд.

Сарпарасти муассисаи томактабии хусусии "Нигина"-и шаҳри Левакант, Асадуллоева Мадина дар арафаи иди саиди Фитр, ба тамоми кормандони муассиса кумаки якдаъфаинаи ғизоӣ аз қабили орду равған, биринҷ ва дигар анвои ғизоӣ расонид, ки ин амали ӯ тамоми мурабияҳо ва кормандони муассисаро шод намуд.

 

Инчунин дар пайи ҳамин иқдоми хайрхоҳона мудири муассисаи мазкур Самадова Парвина ба ду оилаи ниёзманд кумакҳои пулию моди расонид.