ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

.

Ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар баробари дигар шуъбаю бахшҳо, ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор ва мутахассиси шуъбаи мазкур Холмуродова Алфия дар кӯчаи Рӯдакӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр корҳои омафаҳмонӣ намуданд.

 

Аснои корҳои омафаҳмонӣ бо усули «Хона ба хона» масъулин таъкид намуданд, ки ҳар як сокини шаҳр бояд қабл аз ҳама маданияти шаҳрнишиниро риоя намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошад. Инчунин пешгири аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллӣ бегона, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, тозагии атрофи мазили зисту кӯчаҳо аз масъалаҳои муҳими корҳои таблиғотӣ буд.

Боиси зикр аст, ки чунин корҳои омафаҳмонию ободонӣ дар тамоми кӯчаву маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Левакант аз тарафи фаъолон ҷараён дорад.