Корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони кӯчаҳои Н.Хусрав-42, 45 ва 47

.

Субҳи имруз тибқи супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони кӯчаҳои Н.Хусрав-42, 45 ва 47 оиди тозаву озода намудани гирду атрофҳои манзилҳои истиқоматӣ, рангу бори дарахтон, шинонидани гулу гулбуттаҳо, овезон накардани либосҳо аз айвонҳои манзилҳои истиқоматӣ,риояи маданияти шаҳрдорӣ ва пешгирии пушидани сари либоси ба фарҳанги миллии мо бегона байни занону ҷавондухтарон ба роҳ монданд.

 

Мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра дар назди сокинон оиди савияи дониш, тартибу интизом ва риояи пӯшидани сару либоси фарзандон суханронӣ намуда, ҳозиринро даъват бар он намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон диққати махсус дода, аз ҷинояту ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, таълимотҳои ғайрирасии динӣ ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа фарзандонро пешгирӣ намоянд.