ЛЕВАКАНТ: ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМӮЗГОРОН

.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти рус Шарипова Натиҷа хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант сазовори ҷойи дуюм, омӯзгораш Аблязова Зебо ва хонандаи синфи 8-и муассиса Шарифзода Саодат аз фанни забони англисӣ омӯзгораш Муродова Зуҳро ҷойи сеюмро ишғол намуда, ҳавасманд гардиданд.

 

Ғолибон ва омӯзгоронашон имрӯз 23-юми апрел, дар маҷлиси пагоҳирӯзии хонандагон бо Ифтихорномаи бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз дониста шуданд.

Боиси зикр аст, ки Аблязова Зебо омӯзгори фанни забони руссӣ ва Муродова Зуҳро омӯзгори фанни забони англисӣ омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба буда, ҳамасола бо омода кардани шогирдон ва гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуну олимпиадаҳо саҳми назаррас дорад.