ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ЛИТСЕЙИ №1

.

Имрӯз 23-юми апрел, бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳр бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорон-Ҳикматулло Султонов, аъзоёни фаъоли Ташкилот собиқадорон подполковник Мастов Абдулҳаким, подполковник-Саидов Файзулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд»-Ашуров Орзу иштирок намуда, бо хонандагон вобаста ба моҳияти Ғалаба дар ҶБВ, Истиқлолият, сулҳу амният баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз бо заҳмату талош, ҷонбозӣ ва қаҳрамонии бобоёнамон мо имрӯз озодона зиндагӣ мекунему соҳибистиқлолем. Истиқлолияти мо ба осони ба даст наомадааст. Баҳри пойдории сулҳу суботи комил зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда ин неъмати бебаҳо Истиқлолиятро ба даст овардааст. Ва мо бояд идомабахши кори бузургонамон бошему нагузорем, ки нохалафе теша ба решаамон занад.

Инчунин баҳри пешгири аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, ҷиноят дар байни ҷавонон, ноболиғону наврасон, оворагардию одатҳои бад, кирдорҳои ба ҷомеа зараровар ва дигар амалҳои номатлуб сухан рафта, аз тарафи гурӯҳи корӣ таъкид шуд, ки ҷавонони мо бояд бештар ба омӯзиши илму дониш машғул гарданд. Бештар забонҳои хориҷиро аз бар намоянду дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар корҳои ҷамъиятии созанда ҷалб гардида, аз ҳоло ояндаи худро муайян созанд. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонон буда, онҳо хазинаи тиллоии давлат ба ҳисоб мераванд.