ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР Ҷ/Д «ГУЛИСТОН»
Гурӯҳи кории таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мувофиқи нақша ин навбат дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ намуданд.
Ҳайъати гурӯҳи корӣ иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф, мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Левакант иборат буда, бо сокинон вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз баромад карда, баҳри пешгири аз амалҳои номатлуб фаҳмондадиҳи намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуб дар баробари курраи ҷаҳон Тоҷикистони моро низ ба ташвиш овардааст, ки дар ин масъала ҳар як сокини мамлакат бояд ҳушёру зирак бошаду аз эҳтиёт кор бигирад. Инчунин баҳри пешгири аз ҷиноят, тероризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, амалҳои номатлуб, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, нашъамандӣ, одатҳои бад ҳеҷ кас бояд бетараф набуда, баҳри паст кардани хатари чунин омилҳо бояд саҳми худро дар ҷомеа гузорад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ҳар як сокини мамлакат бояд талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаро риоя намуда, дар амали гаштани онҳо саҳми худро гузорад.
Инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, озмунҳои Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм фурӯғи маърифат», самаранокистифодабарии замин, иастифодаи самараноки неъруи барқ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи худшиносию худогоҳи аз ҷониби сокинон ва дигар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди матраҳ қарор гирифт.