ЛЕВАКАНТ: Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба 100-солагии адиби мунаққид Соҳиб Табаров

.

Имрӯз 16-уми апрел, дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бахшида ба 100-солагии мунаққид, адабиётшинос Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-бадеӣ баргузор гардид.

 

Дар Конференсия, намояндаи Раёсати маорифи вилоят-Сафармаҳмад Алимардонов, мудири бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Конференсияро мудири бахши маориф-Раҳимов Файзулло оғоз бахшида, доир ба нақши мунаққидии адабиётшинос Соҳиб Табаров ибрози назар намуд. Ӯ қайд кард, ки Соҳиб Табаров ҳамчун мунаққид, адабиётшинос, номзади илми филология, узви вобастаи собиқ академияи ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар пешрафти илму адаби тоҷик нақши бузург дошта саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Инчунин намояндаи Раёсати маорифи вилоят-Сафармаҳмад Алимардонов вобаста ба моҳияти ба роҳ мондани чунин силсила Конференсияҳо бахшида ба 100-солагии проффесор Соҳиб Табаров ва дигар бузургони илму адабро шарҳ дода, иброз дошт, ки баҳри шинохти абармардони илму адаби тоҷик ва арҷгузорӣ ба онҳо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ин гуна чорабиниҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифтаасту дар якҷоягӣ бо шуъбаю бахшҳои маориф ба роҳ мемонад.

Сипас вобаста ба зиндагинома, фаъолияти меҳнатӣ, нақдҳои адабӣ, мақолаву асарҳои пурмуҳтавои профессор Соҳиб Табаров омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр маърӯзаҳо карда, бори дигар аз шаҳомати адабии ӯ ёдовар шуданд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби омӯзгорони ҷавон ва хонандагон барномаи ҳунарӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.