ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ СИТОДИ ШАҲРИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ

.

Имрӯз 15-уми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант, Ситоди мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид. Ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбӣ, аъзоёни Ситоди шаҳрии мудофиаи ҳудудӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо сари вақт хабардор гардида, ҷамъшавии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар нуқтаи пешакӣ оғоз шуд.

 

Масъулини мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ва сокинон дар ҳолати омодабош қарор гирифта, бо техникаву лавозимоти зарурӣ саф кашиданд.

Вобаста ба ишораи қабулгардида шунидани гузоришҳо аз ҷониби аъзоёни Ситоди шаҳрии мудофиаи ҳудуди ташкил ва гузаронида шуд.

Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник-Қурбонзода Парвиз, масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ азназаргузаронии қувва ва воситаҳои ҳудудӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи лозиматашкил ва гузаронидани чорабинии мазкур аз ҷониби намояндаи Ситоди генералӣ дастуру супоришҳо дода шуда, сипас танафус эълон гардид.