ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ ШАХРИИ ОЗМУНИ ҶУМХУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» БАРГУЗОР ШУД

.

Дар толори касри Фарҳанги шаҳри Левакант, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» баргузор гардид.

Довталабон аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун иштирок намуда маҳорати худро пешкаши аъзои ҳакамон ва иштирокчиён намуданд.

 

Дар Озмун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, ҳайати ҳакамони даври якуми Озмун, Ватанов Мустафо-сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Шерали Қосимзода-раиси Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатов Хайрулло, директори Муассисаи давлатии театри вилоятии лухтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар, Боймуродов Саидмурод, роҳбари Маркази илмӣ-фарҳангии назди Раёсати фарҳанги вилоят ва дигарон иштирок намуданд.

Довталабон дар ҳамаи жанрҳо маҳорати худро санҷида барои роҳ ёфтан ба даврҳои минбанбаъдаи Озмун талош намуданд.

Дар анҷом ғолибони Озмун ва устодонашон бо туҳфа ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Зимни тақдими туҳфаҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ иброз дошт, ки шумо иштирокчиёни Озмун, хазинаи тиллоии шаҳри Левакант, давлат ва миллатед. Шумо кушиш намоед, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардед мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бошад дастгиратон хоҳад гашт.

Боиси зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмун метавонанд ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон дар гурӯҳҳои ройгон дохил шаванд.