«НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАРБИЯИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ФАРЗАНДОН»

.

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА дар Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и Донишгоҳи байналмилалӣ, сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Конференсия баргузор гардид.

 

Дар Конференсия муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия Халилзода Нуқрамоҳ, мудири бахши САҲШ-Адиба Шералиева, дигар масъулин оилаҳои намунавӣ, занҳои роҳбарикунанда ва фаъолзанҳои шаҳр иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло тамоми иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила табрик намуда, ба чорабинӣ оғоз бахшид.

Нуқрамоҳ Халилзода мудири бахши кор бо занони Мақомоти иҷроия, зимни баромади худ иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии Оила табрик намуда, қайд кард, ки оила як рукни ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Масъалаи дастгири ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дорад.

Ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим»-Матлуба Умарова аз дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати солимии модару кӯдак изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Лоиҳаи мазкур ҳамеша баҳри таъмини солимии модару кӯдак иқдомоти ҷадидро пеша хоҳад кард.

Пас аз шунидани маърӯраҳои «Оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва рукни асосии ҷомеа», «Оилаи солим, ҷомеаи солим» аз тарафи занҳои фаъол маросими туҳфасупорӣ ба оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои ҷавон сурат гирифт.

Дар ҳамин фазои тантанавӣ ба 6-оилаи намунавии шаҳр, барои саҳми арзандаашон дар корҳои ҷамъиятӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, меҳнати содиқона ба халқу ватан бо ҷалби Лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, қадршиносӣ шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби бахши САҲШ-и шаҳри Левакант, ба ду ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 4-кӯдаки навтаваллудшуда шаҳодатномаҳои ройгони таваллуд тақдим гардид. Инчунин дар идомаи чорабинӣ дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Левакант, ба чор тифли навтаваллудгашта шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳо тақдим гардид. Дар вақти тақдими шаҳодатномаҳои таваллуд муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло иштирок намуда, модаронро барои фарзандоршавӣ ва бахшида ба Рӯзи Оила табрик намуд.