ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

.

Имрӯз 13 май, дар ҳошияи Рӯзӣ Оила дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон маросими ҷамъбасти озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло ва дигар намояндагону оилаҳои масъулиятшинос, аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Дар оғоз сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло тамоми иштирокдоронро ба Рӯзи Оила табрик намуда, ба оилаҳои намунавие, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъулиятшиносанду намунаи ибрат мебошанд сипосгузорӣ намуд. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Ин маъно ифодагари он аст, ки бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузоранд. Волидайн низ бояд аз ин огоҳ бошанд ва дар тарбияи авлоди худ тавре муносибат кунанд, ки онҳоро дар роҳи росту мустақил ҳидоят намуда, муваффақ бошанд.

Мақсад аз баргузории ин озмуни вилоятӣ ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим ба ҷамъият наслҳои солим тарбиягирифта, поквиҷдон, росткор ва ба Ватан содиқ буданро ба воя мерасонад. Оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст.

Ҳамзамон оилаҳои масъулиятшиноси 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкории мутақобила ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаълона дар озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин аз тарафи аҳли ҳунару фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.