"ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ»
Шиорест, ки 79-сол боз хотира дораду вирди забонҳост.
Таҳти чунин унвон имрӯз 9 май, дар Боғи Ғалабаи шаҳри Левакант ба муносибати Рӯзи Ғалаба маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Аскари номаълум баргузор гардид.
Дар он муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳр бо дигар иштирокдорон ба гиромидошти ҷанговарони тоҷик, ки дар ҶБВ корнамоӣ нишон додаанду имрӯз бо мо нестанд бо гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Аскари номаълум сари таъзим фуруд оварданд.
Сипас, Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» ва дигар иштирокдоронро ба муносибати 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ табрик намуд.
Ҳамзамон ба як қатор собиқадорон аз ҷониби Мақомоти иҷроия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.