ЛЕВАКАНТ: «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

.

23-юми май, тибқи нақша-чорабинӣ дар таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, аксияи «Тоҷикона мепӯшем» гузаронид.

Дар ин аксияи таблиғоти занону бонувон ва гулдухтарони шаҳри Левакант, бо либосҳои миллии чакану адрасу атлас сайругашти идона намуданд.

Боиси зикр аст, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ба хотири тарғибу ташвиқ ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ, пешгирӣ аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона роҳандозӣ шуд, тибқи нақша дар ҷашнҳои муҳими давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешавад.