ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
13-уми май, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида ду рӯз давом намуд.
Дар маросими кушодашавии Озмун, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҳайати Комиссия, довталабону омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар оғози даври шаҳрии Озмун Шоҳиён Саъдулло-муовини раиси шаҳр, ба ҳамаи довталабон барори кор хоста орзуи муваффақият намуд. Ӯ зикр кард, ки иштирок дар ин Озмуни ҷумҳуриявии маърифати фаротар аз ғолибият дар он аст. Зеро ҳар яки мо новобаста аз он, ки кадом ҷойро сазовор мегардем бо иштирок дар озмун асарҳои бештареро мутолиа намуда, донишу ҷаҳонбинии худро сайқал медиҳем. Инчунин ӯ ба тамоми довталабон барои иштирок дар Озмун изҳори сипос намуд.
Сипас бо таъмини шафофият аъзои Комисияи Озмун аз ҳар довталаб вобаста ба номинатсияи иштирокашон пурсиш гузарониданду вобаста ба донишашон ҷойҳои муайянеро барояшон сазовор донистанд.
Ба иттиллои директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои бахши маорифи шаҳр-Фозилова Суман дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи 6-номинатсия 600 довталаб иштирок намуда, ҳамагӣ умеди ғолибият ва сазовор гаштан ба ҷоеро доштанд. Аз миёни иштирокдорон 50 довталаб бо бартарияти бештар ва ишғоли ҷойҳои намунавӣ ба даври вилоятии Озмун роҳхат гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар роҳандози шудаву ҳамасола доир мегардад.